БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҲУҶҶАТИ РОҲНАМОСТ

Н.ХУСРАВ. Гурӯҳи  кории  назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид ба  шарҳу  тавзеҳ ва татбиқи Паёми  навбатии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  сокинони Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол суҳбату вохӯриҳо  баргузор  намуданд.

Роҳбари  гурӯҳи  корӣ  раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ  дар  ноҳия Ализода Сурайё вохӯриро  ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки санаи 26-уми январи соли  равон  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ироа гардид.

 Паёми  имсолаи   Пешвои  миллат  тамоми  мавзӯҳои  муҳими  ҳаёти  сиёсиву  ҷамъиятии  мардуми  кишварро дар бар  гирифта, таҳлил   ва  дастуру супоришҳои  дар  он  зикргардида роҳи  ҷомеаро  барои  расидан  ба ҳадафҳои минбаъда  ҷиҳати  пойдор ва устувории  Ватан равшан  сохт. Вазифаи  мо ҳизбиён  аз  он  иборат  аст, ки  шарҳу тавзеҳи  онро ба  таври  густурда дар  байни  ҷомеа  ба  роҳ  монда, дар    татбиқи  ҳадафҳои  стратегии  кишвар, ки дар  Паём  ироа  гардидаанд, барои  расидан  ба он  ҳадафҳо ҷаҳду  талош  варзем.

Аъзои  гурӯҳи  корӣ  оид  ба  самтҳои  дар  Паём масъалагузоришуда  вобаста  ба  соҳаҳои  ҳаёти ҷомеа баромад намуда,  нуктаҳои  муҳими  онро ба  сокинон  фаҳмонида  доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg