БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУҲФАҲОИ ҲИЗБИЁН БА ИШТИРОКЧИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

ТЕМУРМАЛИК.  Дирӯз  дар  Қасри  фарҳанги  ноҳияи Темурмалик  маҷлиси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид ва дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи дар давраи соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021, таҳия  ва  тасдиқи  нақшаи  фаъолият  вобаста  ба  роҳандозии тарғибу  ташвиқи  Паёми  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии кишвар, таҳия  ва  тасдиқи  нақшаи  корӣ  барои  соли  2021, тасдиқи протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба ҳаракати аъзои ҲХДТ дар  ноҳияи  Темурмалик  дар семоҳаи чоруми соли 2020 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маҷлиси мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба масъалаҳои маҷлис суханронӣ кард. Дар маҷлис  аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ Шоҳиён Нуралӣ Набот, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз ва узви Кумитаи  иҷроияи  вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Аминзода Фотеҳи  Файзулло иштирок  доштанд.

Дар маҷлиси доиргадида ба чанд нафар фаъолони ҳизб Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик супорида шуда, инчунин, ба як нафар хонандаи Интернати давлатии наздимактабии Кангурт Шамсуллоев Шаҳром узви  фаъоли ТҶҶ  “Созандагони Ватан” барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст !”  туҳфаи хотиравӣ ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тақдим карда шуд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар сатҳи баланди  сиёсиву ташкилӣ  баргузор гардида, вобаста ба масъалаҳои пешниҳодгардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg