БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ ОҒОЗ МЕШАВАД

ПАНҶ. Ҳисса гузоштан дар амалӣ гардидани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаву озода нигоҳ доштани обу  хоку Ватан, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ бо роҳи муносибати неку дилсӯзона доштан ба муҳити атроф яке аз вазифаҳои  ҳар як фарди худогоҳу меҳанпараст мебошад.

Чунин иқдоми неку созанда бо  ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зафар» бо ҷалби сокинон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя месозем!» гузаронида шуд. 

Дар рафти корҳои ободониву созандагӣ ҷавонон ва наврасон низ ҷалб  карда шуда,  сокинон  ба тозаю озода кардани гирду атрофи, кӯчаю маҳаллаи худ, хиёбону ҷӯборҳои обугазар  аз партовҳо машғул шуда, дар татбиқи Аксияи ҳизбӣ саҳми худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg