БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ Гулмаҳмадзода Замир оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқоту вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар маҷлис зимни баромад Мирзозода Исуф иброз намуд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон оид ба соҳаи тиб махсусан истода гузаштанд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, нақши табибон дар ҷомеа хело беназир аст. Махсусан, дар пандемияи ба вуҷуд омада, пешгирии бемории сироятии короновирус ( Kovid-19) табибон ҷони хешро дар хатар гузошта, барои ҳифзи солимии миллат заҳматҳои шабонарӯзӣ кашиданд. Аз ҷониби Сарвари давлат минатдории беандоза нисбат ба кормандони ин соҳа иброз гардонида шуд. Аз ин рӯ кормандони соҳаи тибб ва аъзои ташкилотро зарур аст, ки аз пештара дида, дар ин самт бештару хубтар фаъолият намуда, ба боварии Президенти кишварамон пайваста сазовор бошанд.
Сипас, Гулмаҳмадзода Замир оид ба нуктаҳои муҳими Паём ҳамчун ҳуҷҷатии тақдирсози миллат ибрози андеша намуда, афзуд, ки мо табибон ҳамеша ба давлату миллат содиқона хизмат намуда, баҳри ҳифзи солимии миллат тамоми талоши хешро ба кор бурда, дар қатори ин дар тамоми корҳои созандагию бунёдкорӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукуфоии диёри азизамон ҳиссаи беназири хешро мегузорем.