КӮЛОБ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ҳифзи саломатии мардум ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим мунтазам суҳбату вохӯриҳоро бо қишрҳои гуногуни ҷомеа доир менамояд.
НОРАК. Дар деҳаи Кишноваи ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ғафурзода Фирдавс, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Савзалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонон Муслима Ғуриева оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
МУЪМИНОБОД. Оид ба иҷрои банди нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод доир ба баргузории чорабинии рушди анъанаҳои неки мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии «Муъминобод» чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар Қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба Рӯзи оила мизи мудаввар таҳти унвони «Оилаи солим-ҷомеаи солим» баргузор карданд.
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-3” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, яъне тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар корхонаи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Қубодиён таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб вохӯрӣ доир гардид.
ЁВОН. Дирӯз дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вохӯрӣ баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Дар маҳаллаи Охҷари ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Рӯзигул Қурбонзода вохӯрӣ доир гардид.
ВАХШ.Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ҷамоати деҳоти 20-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Вахш оид ба рушду тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст, бо сокинонвохӯрӣ доир карда шуд.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дармонбахш» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12