БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеаи солим аз фардҳои ҷисман ва рӯҳан солим ташаккул меёбад

КӮЛОБ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ҳифзи саломатии мардум ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим мунтазам суҳбату вохӯриҳоро бо қишрҳои гуногуни ҷомеа доир менамояд.

Дар доираи ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино - 2” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот анҷом дода шуд.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки дар солҳои охир ба шарофати барқарории сулҳу осоиштагии кишвар ва амалӣ шудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори ҳамаи соҳаҳо ба ҳифзи сиҳатии омма эътибори дучанд дода мешавад. Зеро, чуноне Сардори давлат бамаврид зикр кардаанд, “Ҷомеаи солим аз фардҳои ҷисман ва рӯҳан солим ташаккул меёбад”. Дар ҳамин замина бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани гирифторшавии мардум ба бемориҳои хавфнок ва сироятӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки корҳои тарғиботиро бештар намояд.

Ҳамзамон, дар рафти суҳбат таъкид шуд, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ фаъолияти худро самаранок карда, корбариро барои пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/АНМО, Гепатит С ва ғайраҳо бештар намуда, ба ин васила мо метавонем барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ҷиҳати эмин нигоҳ доштани саломатии худ аз бемориҳои сироятӣ саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg