БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллатро сокинон дастгирӣ менамоянд

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар корхонаи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Қубодиён таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Шарифзода Маҳмадаюб иштирокчиёнро бо Оинномаи ҲХДТ шинос намуда, қайд кард, ки бинобар сабаби тағйир ёфтани сохтори идораи бойторӣ ва ба корхонаи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бо мақсади дастгирӣ намудани сиёсати одилонаву оқилонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклиф намуд, ки дар корхона ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳем.

Пешниҳодро корманди корхона якдилона дастгирӣ намуда, роҳбари Марказ номбурда  Р. Авазов зимни суханронӣ иброз дошт, ки  коллективи кормандон тамоми саъю кӯшиш, малакаву маҳорати хешро баҳри таъмини солимии ҷомеа равона намуда, дар амалигардонии ҳадафҳои сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссагузор хоҳанд буд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg