НОРАК. Дар деҳаи Кишноваи ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ғафурзода Фирдавс, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Савзалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонон Муслима Ғуриева оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохурӣ аз ҷониби масъулин Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ карда шуда, сокинонро ба корҳои созандагиву ободонӣ даъват намуданд.