БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гулҳои Ватан дар нақши чакан

МУЪМИНОБОД. Оид ба   иҷрои банди нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод доир ба баргузории чорабинии рушди анъанаҳои неки мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии  «Муъминобод» чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур тарбия намудани ҷавонон дар  ҳифзи анъанаҳои неки ниёгон, ҳуввияти миллӣ ва дар сатҳи баланд омодагӣ ва баргузор намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мебошад.

Дар чорабинии мазкур бо ҷалби ҳунармандон  ва ҷавонони ташкилоти ибтидоиии номбурда намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қадбонуи беҳтарин, дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, ки дар онҳо гулҳои Ватан нақш ёфтаанд, ба намоиш гузошта шуданд. 

Дар охир чанде аз занони ҳунарманд фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ баён карда, афзуданд, ки мо ҳунармандон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст намоем.

Чунин чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ дар дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg