БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Либоси миллӣ-мероси арзишманди тоҷикон аст

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-3” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, яъне тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб Ҳакимова Фарзона ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот қайд шуд, ки мо тоҷикон мардуми сарфарозу сарбаландем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, ягона, ҳуқуқбунёд, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Мувофиқи сарчашмаҳои этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ чодарпӯшиву сиёҳпӯшӣ намекард. Аммо мутаасифона, чи тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд. Бояд донист, ки сиёҳпӯшӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба фарҳанги мо хос набуд ва нест.

Баъди баёни андешаҳо ва муҳокимаи масъала таъкид ба амал оварда шуд, ки бонувону духтарони тоҷик бояд дорои шарму ҳаё ва хоксории тоҷикона бошанд, танҳо либосҳои тоҷиконаи зебову шинамро ба бар карда, ба ин васила тарғибкунандаи либоси миллӣ, ки ин ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири мусбат хоҳад расонд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg