БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дармонбахш» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни суханронӣ қайд намуданд, ки шумораи аҳолие, ки ба бемориҳои сирояткунанда мубтало шудаанд, яке аз бемориҳои асосие ба таври дигар бемории паҳншавандае, ки ҷомеаи моро фаро гирифтааст, ин бемории ВИЧ/СПИД мебошад.
Мутассифона, баъзан одамон даст ба амали ношоистаи тамокукашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва маводи мухаддир мезананд. Маҳз чунин рафторҳои манфӣ метавонад шахсро ба ҳар гуна бемориҳо оварда расонад. Шахси истеъмолкунандаи ин маводҳо бо рафторҳои номатлуби худ метавонад ба хатари сироятёбии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба монанди ВИЧ/СПИД гирифтор шавад. Бояд, донист, ки ин бемориҳо оқибати нохуш дошта, инсонро ба марг оварда мерасонад.
Дигар баромадкунандагон низ роҷеъ ба мавзӯъи номбурда андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои хизмати софдилона намудан дар ҳифзи солимии ҷомеа ҳидоят карданд.