ДӮСТӢ. Вохӯрии гурӯҳи корӣ назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯсти дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои “Умед” ва “Пахтакор”-и Ҷамоати деҳоти Навзамин дар доираи шарҳу тавзеҳи моҳияти Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширакати “Барқи Тоҷик” оид ба сарфакоронаву оқилона истифода бурдани неруи барқ мулоқот доир гардид.
































