БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРӢ ПЕШАИ МОСТ!

ДӮСТӢ. Вохӯрии гурӯҳи корӣ назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯсти дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои “Умед” ва “Пахтакор”-и Ҷамоати деҳоти Навзамин дар доираи шарҳу тавзеҳи моҳияти Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширакати “Барқи Тоҷик” оид ба сарфакоронаву оқилона истифода бурдани неруи барқ мулоқот доир гардид.

Зимни вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ роҷеъ ба вазъи имрӯзаи  интиқоли неруи барқ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт, истифодаи неруҳои биологии неруи гармӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ баромад намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки дар истифодаи нерӯи барқ ҷиддӣ бошанд ва сарфакориро пешаи худ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg