БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ НЕРӮИ БАРҚ - ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МО!

БАЛҶУВОН. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон раиси Кумитаи иҷроия бо аъзои гурӯҳи ташаббускор оид ба тарғибу ташвиқи самаранок истифода бурдани нерӯи барқ  вохӯрӣ  доир намуд.

Мирзозода Исуф зимни суханронӣ   иброз дошт, ки мушоҳидаҳои рӯзҳои охир нишон доданд, ки мардум бе ниқоби ҳимоятӣ ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ дар кӯчаву бозорҳо гаштугузор менамоянд. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки хона ба хона суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, нисбат ба бемории сироятии КОВИД – 19 корҳои фаҳмонидадиро ҷоннок намоем.

Ҳамзамон,  таъкид гардид, ки интиқоли нерӯи барқ оғоз аз 10 декабр ба истифодабарандагон ба таври бемаҳдуд ба роҳ монда шудааст ва вазифаи мо, фаъолони ҳизб мардумро аз зиёдаравӣ ҳушдор додан аст ва ҳамчунин даъват ба сарфакорӣ дар мавриди истифодаи нерӯи барқ мебошад.

Ҳамин тавр гурӯҳи корӣ аз ҳисоби фаъолони ҳизб дар ҳамаи деҳаҳои ноҳия ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” сафарбар карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg