БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БА ХОТИРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

ҶАЙҲУН. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Бахши кор бо ҷавонони ноҳия ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроия оид ба сарфакорона истифодабарии неруи барқ мулоқоту вохӯриҳоро бо усули “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” дар кӯчаҳои Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ доир намуданд.

Масулин зимни мулоқот ба сокинон таъкид намуданд, ки ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз нерӯи барқро сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.

Инчунин, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус низ суханронӣ карда шуд.

Дар охири чорабинии мазкур кормандони ҳизбӣ ба сокинон Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg