
ВОСЕЪ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони масъули ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ҷиҳати сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ, ҳамзамон истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус бо маром идома дорад.
Дар рафти мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон аз тарафи масъулини ҳизбӣ қайд карда шуд, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддиро талаб мекунад.
Дар идома оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат ороста, ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.