БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МУРОҶИАТНОМАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК» МИЁНИ СОКИНОН

Ш.ШОҲИН. Бо мақсади ба дарки мардум расонидани Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи тоҷик» ҷиҳати сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи он, ҳамчунин истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию кишоварзӣ ва пешгирӣ аз бемории ҳамагири COVID-19 дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  Толибҷон Назарзода, мудири бахши бойгонии ноҳия Файзуллозода Дилбар, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия Идиева Ҳикоятмо ва раиси  Ҷамоати деҳоти Чагам Маҳмудов Нуриддин дар ҳудуди деҳаҳои Чагами боло, Чагами поён ва Чагами миёна бо сокинон вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ  зимни суҳбат иброз доштанд, ки истифодаи оқилонаи неруи барқ ва пардохти  саривақтии маблағи он вазифаи ҳар як фарди  худогоҳи кишвар буда, моро месазад дар фасли зимистон қувваи барқро  эҳтиёткорона  истифода барем ва зиндагии худу дигаронро низ бо неруи  барқ таъмин созем.  Дар навбати худ  сокинон  суханрониҳои  гуруҳи кориро якдилона дастгирӣ карда, ҷонибдории хешро аз сиёсати дурбинонаи  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳор доштанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg