БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕРӮИ БАРҚРО ОҚИЛОНА ИСТИФОДА НАМО!

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии “Қасри фарҳанг”-и ноҳияи Шаҳритуз  дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ маҷлис бо иштироки  раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид  Нуриддин Саид, кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорони ҳизб, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар маҷлис миннатдории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми ноҳия барои иштироки фаъолона  дар маъракаи муҳими сиёсие, ки дар соли 2020 интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,  расонида шуд.

Инчунин, гурӯҳи корӣ  муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик», оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди нерӯи барқ, пардохти қарзи истифодаи он, истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои  ёрирасон (Президентӣ), кишти тирамоҳӣ, кишти картошка, ниҳолшинонӣ ва пешгирии буридани дарахтон, сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемории сироятии (Ковид-19),

расонидани кумакҳои моддиву ғизоӣ ба маъюбон, оилаҳои камбизоат, ятимони кулл, мактаб-интернат ва қисмҳои низомӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ миёни ҷавонон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ карда, иштирокдоронро ба амалҳои неку созанда, бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, оқилонаву сафаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти ҳаққи хизматрасонии он ҳидоят намуданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg