А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ориёно» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат бо занону бонувон вохӯрӣ дар мавзӯъи «Тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон» баргузор гардид.


























