ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати иҷрои ҷадвали тасдиқшудаи баргузории хонишҳои сиёсӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Барқ» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Хониши сиёсӣ аз тарафи муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер гузаронида шуда, мавзӯъҳои асосии он фарогири ҳадафҳои Барномавию Оинномавии ҲХДТ, моҳияти истиқлолияти энергетикии мамлакат, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро буд.
Масъулин дар ҷараёни суҳбат оид ба Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, моҳияти онро ба иштирокдорон фаҳмониданд.