Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати таъмини иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил» хониши сиёсӣ доир гардид.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолити ҲХДТ, ки яке аз самтҳои он тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад, андешаронӣ карда, вобаста ба мавзӯъҳои пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, амалҳои муғризонаву хатарҳои ташкилотҳои террористӣ- экстремитӣ, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" фикру мулооҳизаронӣ намуданд.