БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош дорем!

ХУРОСОН. Дар толори фарҳанги ноҳияи Хуросон вохӯрии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон, раисони комиссияҳои кор бо ҷавонону занон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло иштирок ва суханронӣ намуд.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба сухан баромада,  доир ба сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба дарки ҷомеа расонидани  моҳияти Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва озмунҳои ҳизбӣ, дар нимсолаи дуюми сори ҷорӣ андешаронӣ намуд.

Дар идомаи суҳбат Абдулло Раҳмонзода бори дигар мардумро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, амалҳои хоинонаву ватанфурӯшонаи душманони  давлату миллат, ки ба фазои тинҷу оромӣ Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз  халал ворид мекунанд, ҳарф зада, аз иштирокдорон, алалхусус ҷавонон аз даст надодани ҳушриву зиракии сиёсӣ,  ҳифзи марзу буми Ватан,  пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg