БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти ватансозӣ вазифаи мо ҳизбиён аст

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот бо мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ бо мардум мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Мудири бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён зимни вохӯрӣ,  дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Почта” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд.

Ҳамзамон,  зимни суханронӣ масъулин  доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти Ваҳдати миллӣ,  пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир,  тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ,  истифода аз захираҳои бойи маънавии  таърихии  миллати тоҷик,  эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар кардани кормандон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ андешаронӣ карданд.

Дар охир  ба  иштирокчиёни вохӯрӣ маводҳои таблиғотии ҳизбӣ  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg