БОХТАР. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Литсензия» вохӯрӣ баргузор гардид.
А.ҶОМӢ. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар кӯчаи ба номи Нурулло Расулови ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳаллӣ вохӯриву суҳбатҳои судманд доир карда шуд.
НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Кибил” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумринисо Гулмуродзода чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
А.ҶОМӢ.Бо мақсади иҷрои босифати ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018, дар ташкилоти ибтидоии «Шоимардонов»-и кӯчаи Шоимардонови шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва намояндаи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ вобаста мавзӯъҳои пешгирии гурӯҳҳои ифротӣ ба
ШАҲРИТУЗ. Вохӯрии навбатиии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров оид ба самтҳои афзалиятнок фаъолияти ҲХДТ ва қабули аъзо аз ҳисоби шахсони бомаърифат ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
ҶАӢҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Навоии ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ Аксияи тарғиботии - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ Асоев Сайфиддин ва сокинони деҳаи болозикр баргузор гард
Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи Лолазори ҷамоати деҳоти Истиқлол бо мақсади амалигардонии Соли тақвияти робита бо маҳал ва татбиқи амалии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар маҳаллаи Навбунёди ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
ФАРХОР. Бо мақсади тарғибу ташвиқ ва фаҳмонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фархор бо сокинони деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Гулшан мулоқот доир намуданд.
АЁДАТИ ИШНАЗАРОВА ЛОЛАХОН СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12