А.ҶОМӢ.Бо мақсади иҷрои босифати ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018, дар ташкилоти ибтидоии «Шоимардонов»-и кӯчаи Шоимардонови шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва намояндаи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ вобаста мавзӯъҳои пешгирии гурӯҳҳои ифротӣ баргузор гардид.
Зимнан дар рафти суҳбат оид ба зуҳуроти номатлубе амсоли терроризм ва экстремизм, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ларза овардааст, ба қишрҳои гуногуни ҷомеа низ бетаъсир намодааст. Дар минтақаҳои Шарқи наздик Давлатҳои пешрафта ба хотири манфиатҳои геопалитикии ҳаракати ифротгароии байналмилалии даҳшатбори «Давлати исломӣ»-ро таъсис доданд, ки аз ҳисоботи гумроҳону тирахирадон сафи худро рӯз то рӯз пурра намуда истодаанд. Моро зарур аст, ки бедор кардани ҳисси нафрат нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб, дар тафаккуриҷавононванаслинаврас, тарбиянамудан дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, дури ҷӯстан аз бегонапарастиву ваҳшоният, фаҳмонидани зулму золимиро, ки тобеъи терроризму экстремизм ва ҷаҳолату гумроҳиро ташкил медиҳанд, қайд карда гузаштанд.