БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар маҳал Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» идома дорад

ПАНҶ. Дар деҳаи Намунаи ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо сокинони маҳал чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ  роҳандозӣ гардид.

Дар назди  ҷамъомадагон  масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ   баромад намуда, ҳозиринро ба муҳтавои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб  шинос карданд.

Зимни суханронӣ ҳамчунин оид ба пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оиди эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, тарбияи ҷавонон барои шинохти асолати хеш бо мақсади нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, мубориза ба терроризм ва ифротгароӣ, истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ карданд.

Сокинони деҳа ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарии ҳунармандонро бо намунаи зиёди ҳунарҳои дастӣ ба намоиш гузоштанд, ки ба ҳамагон писанд омад. Дар ҷараёни чорабинӣ озмуни «Расми беҳтарин» гузаронида шуд, ки наврасону ҷавонони деҳа расмҳои худро, ки дар мавзуҳои Модар, Ватан, Пешвои миллат, парчам ва  табиати диёр бахшида шуда буд ба ҳозирин пешкаш намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» оид ба сазовору арзанда истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошандагони маҳал дар ҳамдастӣ бо намояндагони ҷамоати деҳоти Намуна тасмим гирифтанд, ки  3-купруки дохили маҳалларо таъмиру азнавсозӣ намоянд.

Дар охир, барои иштироки фаъолона ва пешниҳод намудани ҳунарҳои мардумӣ ва расми беҳтарин фаъолони маҳал ва ҳунармандони беҳтарин бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Панҷ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg