А.ҶОМӢ. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар кӯчаи ба номи Нурулло Расулови ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳаллӣ вохӯриву суҳбатҳои судманд доир карда шуд.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар ҳудуди ҳамаи маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки ноҳия бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои тарғибу татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, руди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли руди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо иштироки сокинони маҳаллаи мазкур дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва оммавӣ гузаронида шуд.