БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мактаб дастгоҳи муқаддасу омӯзгор шахси мӯътабар аст

ТЕМУРМАЛИК. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и  ноҳияи Темурмалик  бо  омӯзгорону  кормандони муассисаи номбурда дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир вохӯрӣ баргузор  гардид. 

Зимниан иштирокдорон дар  мавзӯъи   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳи пуршарафи тайкардаи он, хизматҳои беназири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешарони карданд.  

Доир ба суханронии раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид   корманди муассисаи номбурда Сатторов Толиб андешаҳои худро баён карда,  ҳамагонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ  даъват намуданд.

Дар охир Раҷабзода Маҳмадсаид ва омӯзгорону кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg