БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷаги оби вилоят» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан иштирок ва суханронӣ намуд.
Инчунин зимни суханронӣ аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки 22 марти соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз рӯи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд.
Дар иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмиллалӣ суханронӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури хеш Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро расман оғоз бахшиданд. Инак. шурӯъ аз ҳамин рӯз татбиқи ташаббуси дигари Тоҷикистон дар тамоми сайёра оғоз гардид. Дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” инчунин, дигар коршиносон, шаҳрвандони як қатор кишварҳо баромад карда, ба иқдоми эълони даҳсолаи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳамчун ташаббусҳои қаблӣ ба нафъи аҳли башар равона гардидааст, баҳои баланд доданд.