
ДАНҒАРА. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии филиали ҶСК “Тоҷиктелеком-и минтақаи -3” дар ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи риояи қонунҳои миллӣ, сифати баланди хизматрасониҳо дар алоқа, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, Роғун -манбаи нур, асри ХХI -асри техника ва технологияи муосири иттилоотӣ, ВАО ҳамчун институти сиёсӣ дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои тундгаро, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати дар сатҳи сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.