ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ дар оромгоҳи деҳаи Ҳаёти нав бо ҷалби аъзо ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ба номи “Боқӣ Раҳимзода”, “Алишери Навоӣ”, “Эмхамадов Қаландар” ва “Корвонгузар” ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардид.