БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР

ҶАЙҲУН. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии иқдоми неки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Маданият” ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд.

Дар баробари сокинони деҳаи Маданият дар ин ҳашари дастаҷамъона кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва аъзои фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд.

Дар ин ҳашар хатҳои об, заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуда,  дар шаффати роҳ беш аз 30 бех дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд.  Инчунин, роҳравҳоро аз хазону дигар алафҳои бегона тоза намуданд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми ноҳия чунин ҳашарҳои дастаҷамъона  баҳри ободии диёр идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg