БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БА ЗИНДАГӢ МОРО РУҲБАЛАНД НАМУД

ЁВОН. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо оид ба шапрҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Деҳқонобод”-и деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон иштирок намуда, ииброз доштанд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат назар ба солҳои қаблӣ як моҳ дертар ироа гардида, як қатор самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар назар дошт.

Ҳамзамон, баромадкунандгон дар баромади хеш аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷилиси Олӣ дар назди ҳозирин иқтибосҳо оварда, қайд карданд, ки дар соли 2021 тамоми хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ машғул мебошанд, аз супоридани андози ягона дар соли 2021 озод карда шаванд. Ин дастгирии Пешвои миллат ба кишоварзон боис мегардад, ки деҳқонони мамлакат бо як дасту дили пок барои истифода намудани ҳар як ваҷаб замин софдилонаю содиқона заҳмат намуда, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, саҳми худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg