БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲЕСТ БАР СӮИ МУВАФФАҚИЯТҲО

ДАНҒАРА. Дар деҳаи Данғараи Болои Ҷамоати деҳоти Корез  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва дигар шахсони  масъул бо сокинон суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Зимни мулоқот муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмаҳмад ва  ҷонишини ректори Донишгоҳии давлатии  Данғара Т. Назарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин дар баромадашон  иброз доштанд, ки дар Паём Пешвои миллат,  бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 - 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 - 2025 қабул карда шудааст.

Бо ҳамин мақсад ҳамаи моро зарур аст, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, чораҳои мушаххас андешем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg