БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РУШДИ МИНБАЪДАИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ АСТ

АНДЕША. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои мардуми Тоҷикистон дар арафаи воқеан таърихӣ- сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид. Дар Паёми навбать  бо таъкиди Сарвари давлат бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тавре кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва мущтоҷӣ кашанд.

Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Инчунин, ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шавад  ва масоили тадрису таълим руҷӯи муфассал шуд ва соли қаблӣ ду озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳаёти аҳли Ватан дигаргунии зебои маънавӣ эҷод карда ба мардум дар андухтани илму дониш такони бузург бахшид. Дар Паёми навин оғози озмуни ҷадид дар риштаи улуми дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ бо унвони «Илм-фурӯғи маърифат» моро хеле хушнуд намуд.

Ҳамаи қишри ҷомеа аз лутфу башоратҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҳамчун субҳи ҳидояту офтоби ҳимоят бархӯрдоранд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат 20 фоиз баланд бардоштани нафақаи кӯдакони маъюби то сини 18 сола ва 50 фоиз баланд бардоштани нафақаи маъюбони гурӯҳи якум бозгӯи меҳру муҳабати пайвастаи Пешвои миллати раъиятпарварамон мебошад.

Умуман аз Паём то Паём сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон рӯз аз рӯз беҳ шуда, мо ба он талош меварзем, ки барои ноил гаштан ба як давлати пуриқтидор ва бонуфӯз дар минтақа ва ҷаҳон гардем. Умед дорем, ки дар оянда низ мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият дар атрофи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари хирадманди худ сарҷамъу муттаҳид гардида, дар раванди бунёди ҷомеаи демократию мутамаддин саҳми арзанди худро мегузоранд. Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хурд то калон бо як масъулияти баланди шаҳрвандӣ он дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ироа намуданд, сармашқи фаъолияти кори худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи он дар ҳама соҳаҳои ҷомеа талош меварзем.

Мирзохониён Искандар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg