БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН АСТ

АНДЕША. Дар Паёми имсола Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулият ба манфиати миллат бори нахуст дар Паём башорат доданд, ки қудрати содиротии кишвар имрӯз рӯ ба афзоиш дорад.

Ҳанӯз соли 2017 Президенти кишвар иброз доштанд, ки сол аз сол  иқтидори содиротии кишвар афзоиш меёбад. Ин амали ояндабинона имкон фароҳам овард, ки минбаъд воридоти семент аз хориҷа пурра қатъ гашта, содироти ин ашёи баландсифат бо назардошти истеҳсолоти ҷаҳонӣ истеҳсол ва содирот гардад. Ин падидаи арзишманд дар олами сиёсат барои Тоҷикистони тозаистиқлол даричаи навине боз намуд ба сӯи олами равобити мутақобилан судманд ва дӯстиву бародарӣ, ки аз рӯзҳои нахустиин  Сарвари давлат талош бар он дорад.

Нуктаи муҳиме, ки дар Паём зикр шуд, ин расидан ба ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз дар Паёми нахустинашон зикр карда буданд. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат сол ба сол роҳи пур аз навидҳову падидаҳои некро тай менамояд.

Дар баробари ин, ҳисси бедории ҷомеа ва болоравии шуури сиёсӣ дар роҳи хештаншиносӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллӣ афзоиш меёбад, ки ин падидаи муҳимтаринест дар роҳи расидан ба ваҳдати кулл.

Маҳз аз ин лиҳоз Президенти кишвар озмунҳои "Тоҷикистон- Ватани азизи ман", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"- ро роҳандозӣ намуданд, ки ин амали нек дар байни қишрҳои ҷомеа фазои созандаро баҳри ояндаи ҷомеа падид оварданд. Эълони солҳои 2020-2040 ҳамчун "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" таконе хоҳад шуд дар роҳи пешрафти илмҳои дақиқ.

Аз назари сиёсатшиносони ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани зиндагии шоиста ва пешрафти босубот дар ҳама ҷабҳаҳо имрӯз дар қатори даҳ давлати рӯ ба рушд қарор дорад. Ин баҳои ҷамеаи ҷаҳонист, ки кишвари моро аз назари пешрафти тамоми соҳоташ баҳогузорӣ мекунад.

Сафаров Давлатёр, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр”-и Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg