БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ ҚИСМИ МУҲИМИ ФАРҲАНГИ УМУМИБАШАРӢ ВА ҚОСИДИ СУЛҲУ АМОНИСТ

ВОСЕЪ.  Дар Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ миёни ҷавонон мусобиқаи волейбол гузаронида шуд.

Дар мусобиқа кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуда, қайд карданд, ки дар хусуси варзиш Сарвари муаззами давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андарзи пурмуҳтавое доранд: «Масъалаи дигаре, ки ба андешаи мо дар зиндагии ҷавонон ва умуман дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим бозида, боиси пешгирии нашъамандӣ ва дигар амалҳои ношоиста шуда метавонад, инкишофи варзиш аст. Мегӯянд, ки «рӯҳи солим дар ҷисми солим буда метавонад».

Баъдан  омӯзгорон дар навбатии худ  иброз намуданд, ки дар воқеъ, агар тарзи ҳаёти солим ба ҳар хонадон наздик бошад, бешубҳа ҷавонони мо аз он ҳама амалҳои ношоям парҳез менамоянд, худдорӣ аз амалҳои зишт ҷавононро сарбаланд ва накӯном мегардонад. Таъкидҳои боло моро водор месозанд, ки ташаккули ҷисмонии насли наврасро баланд бардошта, аз анъанаҳои неки миллии тарбияи ҷисмонии худ онҳоро бархурдор намоем ва ба он арҷ гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg