ВАХШ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази бойторӣ» доир басамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Чилатоши ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинон баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи нақшаи тасдиқгардида дар самти оила ва оиладорӣ дар САҲШ хониши сиёсӣ баргузор намуд.
ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Куҳдоман»-и ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки устодону донишҷӯён хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Зарафшон”-и кӯчаи Румии ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои марумӣ баргузор гардид, ки зимни он корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон иштирок ва суханронӣ намуд.
ПАНҶ. Ҷиҳати амалӣ намудани ҷадвали баргузории вохӯриҳо дар маҳаллаи Чаманистони ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо аъзо ва фаъолони ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.
НОРАК. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии «Дӯзанда» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои «Тарроҳи беҳтарин», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
КӮЛОБ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи С. Сангови шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
ЁВОН. Дар МТД «ЛКТСК» -и ноҳияи Ёвон бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштроки намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз шаҳри Душанбе ва ноҳияи Нуробод чорабинии фарҳангӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Солирушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12