БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дӯстӣ бахшид моро якдилӣ…

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Куҳдоман»-и ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохурӣ масъулин аз рӯйдодҳои охирин, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 15 сентябри соли 2018 ба минтақаи ВМК Бадахшон, фароҳам овардани дӯстии байни миллатҳои тоҷику ӯзбек, инчунин оид ба самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ баромад намуданд.

Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Ҳақназаров  Бахтиёр иштирок намуда, зикр кард, ки албатта тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият аз корнамоиҳои беназири Сарвари мамлакат вобастгагӣ дошта,  имрӯз шарофати ин марди оқилу доно аст, ки мардуми тоҷику ӯзбек боз ҳам риштаи дӯстии худро мустаҳкам намуданд. Албатта, ноуҳдабароии баъзан масъулини минтақаи ВМК Бадахшон ва баъзан ҷавононе, ки аз сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлат норозианд, мо ҷонибдорони ин сиёсат намегузорем то чунин ношукрӣ дар байни халқиятҳои ин минтақа пайдо шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg