БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ба манфиати мардум аст

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади  дар  амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Чилатоши ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид доир ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.    

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид вакили ҷамоат, сокини деҳаи Чилатош  Заробов Фатҳулло оид ба огоҳонидани мардум аз паёмадҳои хатаровари ташкилотҳои террористии дар кишвар мамнӯъ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаобти қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрмаи рӯз андешаронӣкарда,  аз ҷамъомадагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастурус ҳидоят ва супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ,   зиндагии сокинон ва ободии Ватан равона карда шудаастдаъват ба амал овард.   

Сипас бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 30  нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил  карда  шуд, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон дидан карданд.  

Дар охир бо пешниҳоди  Раҷабзода Маҳмадсаид  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳа  таъсис дода  шуда, раиси он Қосимов Саймуҳаммад интихоб карда шуд.                                             

                                                                                                                                                                                                                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg