БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қонунҳои миллӣ-мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа мебошанд

ПАНҶ. Ҷиҳати амалӣ намудани ҷадвали баргузории вохӯриҳо дар маҳаллаи Чаманистони ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо аъзо ва фаъолони ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни ин чорабинии сиёсӣ, ки таблиғкунандаи ғояҳо ва  ҳадафҳои созандаи  ҳизб  ва  Сарвари он мебошад, аз тарафи масъулин баромадҳо карда шуд.

Аввалан, оид ба  самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон  гуфта шуд.

Баъдан,  оиди Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар барои масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, ки мавзӯи  сӯҳбат интихоб гардида буд, андешаронӣ  гардид.

Қайд шуд, ки ҳадаф аз қабули қонуҳои муҳими давлатӣ танзими ҷашну маросимҳо ва дар заминаи  ин баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии сокинони кишвар, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ буда, самараи неки худро аллакай ба бор овардааст. Аз ҷумла, дар суханрониҳо оиди баргузории бештари ҷашну маросимҳо дар муҳити оилаҳо, ки  он ба мустаҳкам кардани  сатҳи оилавӣ кӯмак мерасонад,  қайд карда шуд.

Қонунҳои мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин оиди ташаккули фарҳанги техникии ҷавонон ба хотири истифодаи дурусти технологияи муосир ва шабакаҳои  иҷтимоӣ, ки яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил гардани онҳо мебошад, андешаронӣ шуд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҷавонони мо аз онҳо бештар истифода мебаранд аз қабили “Одноклассники”, “Фейсбук”, “Инстраграм”,”Твиттер”, “В контакте”,”Телеграм”  буда,  бо сабаби нодуруст истифода бурдани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд. Бинобар ин  аҳли ҷомеаро лозим аст, ки фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро миёни ҷавон тарғиб намоянд, то ин ки пеши роҳи шомилшавии  ҷавонон ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ гирифта шавад.

        

 

                                                                                                                                            

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg