ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки устодону донишҷӯён хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, оид ба масъалаҳои риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Истиқлолияти давлатӣ -ҳамчун арзиши олии давлатдорӣ, масоили робитаҳои судманд ва дӯстӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, равона намудани наврасону ҷавонон ба забономӯзӣ, азхуднамоии технология ва донишҳои замонавӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи технологияҳои пешрафта ва самраноки таълим аз нигоҳи рушди кайҳонии соҳаҳои илму техника суханронӣ намуданд.
Зимнан ба як қатор аъзоён навинтихобшуда, билетҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим кардад шуд.