ВАХШ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази бойторӣ» доир басамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон дар бораи моҳият ва аҳмияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан ронда, аҳмияти ривоҷи сайёҳиро дар пешбурди иқтисодӣ, ғанигардонии буҷети давлатӣ ва муҳайё гаштани ҷойҳои нави корӣ бо далелҳои эътимодбахш шарҳ доданд.
Ҳамчунин, мавсуф дар бораи озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якљоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, ҳозиринро барои иштирок ва амалигардонии озмуну аксияҳои ҳизбӣ даъват намуд.
Шарҳи ҳаводиси ҳафтаи охир дар ҷаҳон рухдода паҳлӯи дигари суҳбати мавсуф буд.