БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занон-тарғибгари ҳунарҳои мардумӣ мебошанд

НОРАК.  Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар ташкилоти  ибтидоии  «Дӯзанда»  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои «Тарроҳи беҳтарин», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо занони Кумиттаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Муслима Ғуриева   иштирок дошта, зимнан дар бораи нуктаҳои асосии  Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва озмунҳои номбурда андешаронӣ карда, тарроҳони беҳтаринро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.

Инчунин, дар хониши сиёсӣ мавсуф  оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстримизм ва роҳхои пешгирӣ аз он,  пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуда, иштирокдоронро барои  аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg