ВОКУНИШ. Дар оғози асри XXI инсон бо амали номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ омадааст ва ин падида терроризм мебошад. Дар ҷомеа баъзе шахсиятҳо терроризмро амале унвон медиҳанд, ки гӯё дар ҳамаи давраҳои таърихӣ инсониятро ҳамроҳӣ намудааст, аммо ин ақидаҳо асоси воқеӣ надоранд. Решаҳои терроризм хеле чуқур мебошанд.





























