БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон – умеду ояндаи мо

БОХТАР.Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба вохӯриву хонишҳои сиёсӣ,  доир ба расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Абӯалӣ ибни Сино» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии  мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Ҳакимова Волида иштирок намуда, афзуданд, ки  бо мақсади ҳасвасманд намудани хонандагону донишҷӯёни дар шаҳри Бохтар таҳсилдошта, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар идрорпулӣ таъсис дода шудааст. Боиси ифтихор аст, ки дар соли таҳсили 2018 - 2019 ду нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар З. Тураева ва Шоираи М барои хониши хубу аъло ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ барои гирифтани идрорпулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сазовор гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg