БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон низ дар корҳои ободонӣ саҳмгузоранд!

ВОСЕЪ. Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ноҳия Восеъ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ татбиқ гардида истодааст.

Дар   роҳандозии Аксияи  ҳизбӣ аъзои  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», аз ҷумла дар  корҳои ободониву бунёдкорӣ   фаъолона иштирок намуда истодаанд.

Ин навбат дар маҳаллаи Туғайи ҷамоати  деҳоти  ба номи Миралӣ Маҳмадалиев  Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»   баргузор карда шуда, дар он  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳноза Раҷабова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Манучеҳри Хуршед  иштирок ва дар  шудгор кардани  заминҳои сахту бекорхобидаи маҳалла, нарму мулоим намудани  бехи дарахтони сояафкан  ва ҳамзамон барои сабзу зебо гардидани маҳалла дарахтони ҳамешасабз шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg