БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии ҳар яки мо аз муҳити зисти мо вобаста аст

А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва дар амал татбиқ намудани Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Кишоварз»-и назди Раёсати кишоварзии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардида, атрофи бинои Раёсати кишоварзии ноҳияро шудгор ва нармсозии бехи дарахтонро ба анҷом расониданд.

Инчунин, дар саҳни бинои мазкур зиёда аз 70 адад гулҳои ороишӣ ва 10 бех дарахтони сояафкан, аз қабили арча ва сӯзанбарг шинониданд, ки ба ҳусни он зебоӣ бахшид. Дар баробари ин аз ҷониби  аъзои ҲХДТ ташкилот  ба як нафар эҳтиёҷманд  кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg