ВОСЕЪ. Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ҳамчунин бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонӣ” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Дар вохȳрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Шаӽноза Раҷабова ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роӽила иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ карда шуданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ӽизбӣ сокинон дар тоза кардани ҷӯю заӽбурӽо аз партову алафӽои бегона саҳм гузоштанд.