БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паймони миллӣ нею паймони роҳзанҳо!

ВОКУНИШ. Гурӯҳҳои террористию ифротгаро ва олами ҷиноӣ ҳаммарому ҳаммаслаки якдигар буда, ҳамеша ҷаҳду талош  меварзанд, ки аз ҷавобгарӣ дуртар гурехта, ҷомеаро хатарзо ва осоиши мардумро барҳам зананд. Хусусан даҳшатҳои террористии солҳои охир шаҳодат аз он медиҳанд, ки терроризм ва экстремизми динӣ омили маргбори гурӯҳҳои ифротӣ ва чоҳталаб гаштааст.

Ташкилоти террористӣ-экстремистии Њизби Наҳзати Исломи ва сарвари лухтакмонанди он  Муҳиддин Кабирӣ, ки ба вартаи марги сиёсӣ наздик аст, акнун наҷоташро дар таъсиси эътилофҳо ва созмонҳои нав бофта, барномаҳои дигари худро бо кӯмак ва мусоидати хоҷагони хориҷиаш мебинад.

Эътилофи ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон», ки моҳи сентябри соли равон дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава созмон дода шуд, аз заифӣ ва нотавонии ТТЭ ҲНИ дарак дода, дар асл «Паймони роҳзанони гумроҳ» мебошад. Кабирӣ ва дигар гурӯҳҳои мухолифони паймоншикан ният доранд, ки тамоми нерӯҳои худро зери чодари ягона ҷамъ биёранд.

Аммо ин дафъа низ паймонашон хок хӯрд.

Баръакс ба собиқ ИНОТ «Ҷомаи нав» пӯшонида натавониста, балки бархе аз афроду ниҳодҳои мухолиф на фақат дар ин ҳамоиш иштирок накарданд, балки ташкили эътилофи навро умуман напазируфтанд. Яъне Кабирии мискин ба ҷои думу думравакон пайдо карданаш аз ду гӯшаш маҳрум монд .

Ҳамин тариқ барномааш оиди эътилофи нав ба ИНОТ монанди дигар созмонҳояш ба мисли «Озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон» ва ғайра найрангбозиашро дар назди спонсорҳояш фош сохт. Њамчунин аз тарафи наҳзатиён таъсис додани   «Сомонаи расмии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо  ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» низ гумроҳии онҳоро дар назди ҷомеаи ҷаҳон собит намуд.

Наҳзатиён мисли мурғи посӯхта ва муши дар об зада бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ  гирифтор кунанд. Ин дафъа вазъи криминалии Бадахшонро ба манфиати хуб тоб дода, ақидаи   нопокашонро  ба сари мардуми содиқи ин минтақа бор карданианд.

Худро дилсузи сокинони мардуми Бадахшон нишон додан мехоҳанд, вале мақсадашон тафриқаандозӣ мебошад.

Акнун як андеша ба миён меояд. «Оғои Кабирӣ ин навбат тағоҳои сунъиашро бо кадом усули фаъоли найрангбозӣ фиреб доданӣ мебошад?                                                                                                                             

Раҷабзода Маҳмадсаид, раиси КИ ҲХДТ дар  ноҳияи  Темурмалик               

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg